Дар нишасти матбуотӣ 46 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма аз агентиҳои иттилоотӣ, телевизион, радио, нашрияҳо, маҷаллаҳо ва ҳафтаномаҳо иштирок намуданд.
Дар нишасти мазкур фаъолияти солонаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 шунида шуда, дар бораи нишондиҳандаҳои муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар самти гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ, раванди таълим, сифати таҳсилот ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ саволу ҷавоб доир гардид.